Оғози даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба хабарнигори радиои Тоҷикистон Сарвинози Сайдалӣ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, роҳбарияти «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» , инчунин намояндагони дигари илму маорифи кишвар, меҳмонон, хонандагони макотиби миёна ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки дар ин марҳилаи олимпиада роҳ ёфтаанд, иштирок намуданд. 

Сипас, Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки Олимпиада бо дарназардошти таъмини пурраи шаффофият гузаронида шуда, барои назорати пурраи озмунҳо синфхонаҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои видеоӣ ва сабт таъмин карда шудаанд.

Бояд гуфт , ки дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ то 31 марти соли 2024 идома ёфта, дар он дар умум 1127 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар иштирок намуда, давоми 4 рӯз дар ду самт донишҳои илмии худро месанҷанд. 

Маврид ба зикр аст, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки аз ҷониби МД «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ташкил карда шуд, минбари дарёфт ва рушди тафаккури илмии истеъдодҳои наврас дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар хоҳад буд. Ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи фаннӣ ин ба ҳам овардани хонандагони болаёқат аз тамоми манотиқи кишвар буда, муайян, муаррифӣ ва дастгирии маънавии онҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. 

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”