Баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ҳошияи Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе

Имрӯз дар боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» кори худро идома дод.

Дар фестивал сокинону меҳмонон иштирок карда, ҷашни Наврӯзи аҷдодиамонро бо як рӯҳияи болида ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Имрӯз боғи Ирамро фазои идона фаро гирифта буд. Дар фестивал ҳунармандону чеварон ва санъаткорону кадбонувон аз тамоми қаламрави кишвар ҷамъ омада, маҳсули дастони худро аз қабили намунаи либосҳои миллӣ, ҷуздону болишчаҳо, дасмонаю гардандбанд ва таомҳои миллию кулчақад, ба маърази тамошо гузоштаанд.

Илова бар ин ҷавонону наврасон ҳам дар як гӯшаи боғ ба бозиҳои миллии варзишӣ машғул шуданд. Зоидова Адиба мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун зимни суҳбат ба мо гуфт, ки тамоми занони шаҳри Роғун кадбонуи моҳир ҳастанд ва имрӯз кулча, самбуса, шакароб ва дигар таомҳои миллиро омода карда, ба пойтахти кишвар оварданд.

Бояд гуфт, ки Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, он барои муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Раъно Шоева ҳунарманд аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хушҳол аз он аст, ки имрӯз натанҳо сокинони шаҳри Душанбе, ичунин саёҳон низ ба дасмонаву гарданбанҳои сохтаи ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз онҳо харидорӣ менамоянд.

Бозоргул Раҳимова роҳбалади ёдгориҳои тахрихии ноҳияи Вахш мебошад. зимни суҳаб ба мо гуфт, ки бонувони ноҳияи Вахш на танҳо куртаҳои гулдӯзию матоҳои бофташуда, инчунин нигораҳои ёфтшуда аз мавзеи Аҷинатеппа ва дигар мавзеҳои таърихиро ба маърази тамошо гузоштанд
Дар идомаи фестивал баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ дар иҷрои ҳунармандони кишвар пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» аз ду қисмат иборат буда, қисми аввали он субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”