Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд. Ҳамчунин, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар ин самт ба тасвиб расида, аз ҷониби мақомоти алоқаманд корбарӣ шуда истодааст.
АЗ ДАСТОВАРҲО
– Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 феврали соли равон 286 565 нафар нафақа мегиранд, ки талаботи нафақаи онҳо дар як моҳ 107,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нафақаи заминавӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 сомонӣ ва нафақаи миёна дар вилоят 365 сомонӣ мебошад.
То ба имрӯз қарздории нафақа дар вилоят мавҷуд набуда, талаботи нафақа ба ҳолати 1 марти соли равон пурра пардохт шудааст. Пайваста корбарӣ менамоем, то пардохти нафақа саривақт таъмин шавад ва ин вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад, – иброз дошт Файзализода Қобилҷон Файзалӣ, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
ҲАДАФҲО ДАР “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
Чуноне Файзализода Қобилҷон гуфт, дар соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Дар ин замина ҷиҳати болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти таъйини нафақа кӯшиш доранд. – Дар вохӯриҳо ба мардум қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”-ро мефаҳмонем, то сокинон дар хусуси ҳолату замони ба нафақа баромадан ва намудҳои нафақа маълумоти комил дошта бошанд. Боварӣ дорам, ки агар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло бошад, на танҳо мушкилоти кори кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бартараф мешавад, балки ҷомеа рӯз аз рӯз пешрафт хоҳад кард”, – мегӯяд мусоҳибамон.
АЗ ШИКОЯТҲО ТО БАРРАСӢ
–Баъзан аз қаноатманд набудан аз таъйини андозаи нафақа шикоят мешавад, ки нафақаи онҳо кам муқаррар шудааст ва он бояд бозҳисобӣ карда шавад. Боиси қайд аст, ки баъзе аз муҳосибони ташкилоту муассисаҳо ҳисоботҳои худро саривақт ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешниҳод намекунанд. Чунин ҳолатҳо зиёданд, ки шаҳрванд дар корхонаву ташкилот фаъолият мекунад, вале ҳисоботи он ба раёсатҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешниҳод намегардад, дар натиҷа ҳамингуна мушкил пеш меояд.
Бояд шаҳрванд донад, ки вақте музди меҳнат мегирад, пардохти суғуртавӣ ва ё ҳисоботи он ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳатман супорида шавад, – мегӯяд Ф. Қобилҷон, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
ТАШАББУСИ МАСЪУЛОНУ ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНД
Тавре Файзализода Қобилҷон гуфт, мо бояд мардумро фаҳмонем, ки ҳар нафар дар доираи муқаррароти қонун ҳуқуқи ба нафақа баромадан дорад. Дар қонун нафақа аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 таъйин карда мешавад. Дар ҳолати ба синни нафақа расидан шаҳрванд бояд саривақт ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо аризаи хаттӣ муроҷиат намояд. Вақте ариза пешниҳод кард, ҳуҷҷатҳои лозима аз ӯ талаб карда мешавад, аз он ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумот дар бораи музди меҳнат ва ғайра. Ин ҳуҷҷатҳо ба марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод карда мешавад ва аз рӯи он нафақаи шаҳрванд таъйин мегардад. Муҳлати ариза 1 моҳ аст. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъйини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад. Баъди ариза агар дигар ҳуҷҷатҳо дар вақти муайяншуда пешниҳод шаванд, дар муҳлати 1 моҳ нафақа дар доираи талаботи қонун таъйин карда мешавад.
Аслан таъйини нафақаи шаҳрванд ба маърифати ҳуқуқии он вобастагии амиқ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе шаҳрвандон аз чӣ сабаб бошад баробари ба синни нафақа расидан ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат намекунанд. Шаҳрванд бояд вобаста ба собиқаи кории худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷамъоварӣ карда, ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи зисти худ дастрас намояд, то дар асоси он нафақа таъйин карда мешавад.
Маҳмалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”