Имрӯз, 20 март дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» оғоз гардид.
Дар фестивал намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, меҳмонони хориҷӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва васоити ахбори омма иштирок доранд.
Дар оғоз Одилзода Дилбар муовини раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз бо хусусияти беназираш яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳри ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Фестивал соли шашум аст бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Фестивал аз ду қисмат иборат буда, қисми аввали ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва қисмати дуюм бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ дар «Боғи Ирам»-и пойтахт гузаронида мешавад. Дар идомаи намоиш баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешкаш мегардад.
Ширин Тоҳирӣ,
радиои “Тоҷикистон”