Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар он Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвақтзода суханронӣ намуда , аз таърихи таҷлили Наврӯз ёдовар гардид. Ҳамзамон Юсуфшо Яъқубов доктори илмҳои таърих, Равшан Раҳмонӣ, доктори илмҳои филологӣ ва унвонҷӯйи Институти фалсафаи АМИТ Зоири Сайфулло аз таърих ва фалсафаи Наврӯз, таҷлили он дар замонҳои қадим, тасвири таҷлили Наврӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсь ва осори Ҳаким Тирмизӣ, Туғрали Аҳрорӣ баромад намуданд.
Сумбула Каримова,
Радиои “Тоҷикистон”