Имрӯз бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ барои тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии мактаб-интернати рақами №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дастурхони идона ороста, базми бошӯкӯҳ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Рустамзода аз номи раҳбарияти Кумита тарбиятгирандагонро бо фарорасии Наврӯзи дилафрӯз таҳният гуфт.
Дилафрӯз Рустамзода иброз дошт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии куҳанбунёд ба ҳисоб рафта, новобаста аз миллат, забон ва мазҳаб дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз оғози рӯзи нав, эҳёгари ойинҳои қадимӣ, ғалабаи равшанӣ бар зулмот, дӯстию рафоқат ва якдилию ҳамбастагӣ бар ноумедиҳост.
Дар навбати худ маъмурияти муассиса ва таълимгирандагон барои таваҷҷуҳ ба сарпарасти худ изҳори сипос намуданд.