Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имаи Сейдзю мулоқот намуд. Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба соҳаи сайёҳӣ тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои он дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда баён гардид.