ТАҶРИБАИ ДУШАНБЕИ САБЗ

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар иртибот ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об дар меҳмонхонаи «Хайят-Реҷенси»-и пойтахт  Конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», гузаронида шуд.

Конфронс бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони шаҳрҳои ҷумҳурӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Баромадкунандагон асосан дар марвиди ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об, ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббусҳо аз тарафи давлатҳои ҷаҳон, таъсири ин ҳама пешниҳодҳо ба мустаҳкамшавии мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмиллалӣ суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қабули Стратегияи  иктисоди сабз барои солҳои 2023-2037 дар  ҷумҳурӣ  қадами устуворе гардидааст барои расидан ба ҳадафҳо дар самти табдил додани мамлакат ба кишвари «сабз».

Корманди вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар Иззатзода Идрис  зимни таҳлили мавзуъ таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон дар самти истеҳсоли неруи барқи-обӣ дар ҷои сеюм  баъд аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Россия қарор дорад. Барои  истифода аз намудҳои дигари энергияи барқароршаванда ба монанди энергияи офтоб, энергияи бодӣ, биоэнергия қадамҳои наве дар минтақахои ҷумҳурӣ гузошта шудаву бо шарикони рушд созишномахо ба имзо расидаанд.  

Дар конфронс муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода доир ба ташаббусҳои роҳбарияти  шаҳри Душанбе дар самти ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе, истифодаи нақлиёти «сабз», таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз энергияи «сабз» ба хозирин маълумоти мушаххас дод. Яке аз иқдомҳое, ки лоиқи дастгирист ва метавонад ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат кунад, ин эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе» мебошад. Тавре огаҳӣ дорем соли 2024 дар кишвар ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст ва ин иқдом аз ин сарчашма мегирад.  Вақте маърифати экологии сокинони пойтахт баланд мегардад, боис ба сабзу хуррамгардии  кӯчаю хиёбонҳои он хоҳад гашт.

Директори МД «Маркази омӯзиши пиряхҳо» Абдулҳамид Каюмов таъкид дошт, ки ташаббуси навбатӣ, яъне «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои  сабз дар таҷрибаи шаҳри Душанбе» метавонад на танҳо барои шаҳрҳои Тоҷикистон, ҳатто барои кишварҳои дигари ҷаҳон намуна ва боиси таҷрибаву дастгирӣ гардад.

Дар ҳамоиши илмӣ–амалӣ роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзуъҳои «Душанбе-шаҳри сабз», «Иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди сабз», «Рафти амалишавии қатъномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва нақши стратегии онҳо дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист», «Ташаббусҳои обии Тоҷикистон–заминаи мусоид барои таҳқиқоти илмӣ», «Тоҷикистон –пешоҳанги масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» маърӯза намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббуси сабз» ибрози назар намуданд.

Ш. Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”