Пагоҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Пагоҳ, 17 март, соати 15:00 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Мусобиқаи аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ба мусобиқа аспбозони ватанӣ ҷалб гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойга фаъолона иштирок намоянд. Ғолибони муобиқаро ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ интизор мебошанд.