15 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи гуфтушунид пешравии назаррас ба даст омада, ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор гардид.