Ширкати техникии истеҳсолкунандаи смартфонҳо Xiaomi аз оғози фурӯши аввалин мошини электрикии худ хабар дод.
Муаррифӣ ва оғози фурӯши седан SU7 рӯзи 28 март дар назар аст. Тавре агентии иттилоотии синхуа хабар медиҳад, алакай дар 29 шаҳри Чин фармоишҳои пешакии мошини электрикӣ қабул карда мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ширкат дар пайи тавсеаи талабот ба смартфонҳо доираи тиҷорати аслии худро васеъ намуда, истеҳсоли электромобилҳоро ба роҳ мемонад. Ёдовар мешавем, ки ширкат дар моҳи декабри соли гузашта аввалин мошини электрикии SU7-ро эълон кард.