Намояндагии ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи ресандагӣ бунёд намояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии муовини Раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода дар ноҳияи Вахш бо намояндагони ин ширкат иттилоъ дода шуд.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар мулоқот Заробиддин Файзуллозода ва масъулини намояндагии ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии Вилфрид Готманнс оид ба ҳамкорӣ дар самти харидорӣ намудани таҷҳизот барои корхонаи ресандагӣ суҳбат намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расида, барои сохта, ба истифода додани корхонаи ресандагӣ машварат намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо бо корхонаи ресандагии «Бакан», ки дар он таҷҳизоти ин ширкат истифода мешавад, шинос шуданд.