Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз 12 то 13 марти соли ҷорӣ тамриноти стратегии фармондеҳӣ ва штабиро баргузор мекунад, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ дар баробари ифротгароӣ баррасӣ мешаванд. Дар ин бора агентии иттилоотии ТАСС гузориш додааст. “Барои гузаронидани омӯзиш фазои ҳарбию сиёсӣ ва стратегии таълимӣ фароҳам оварда шуда, дар тарҳи он як қатор конвенсияҳо қабул гардида, номи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ тағйир дода шудааст.”, – омадааст дар гузориши ТАСС.
Барои иҷрои ин тасмим Маркази вокуниш ба бӯҳрон ва гурӯҳҳои фаврии кишварҳои узви ин созмон сафарбар шудаанд. Дар рафти омӯзиш ҳамчунин масъалаҳои омода намудани пешниҳодҳо ва лоиҳаҳои қарорҳои мақомоти СПАД оид ба гузаронидани амалиёти посдори сулҳ баррасӣ мешаванд. Ба ташкили Нерӯҳои дастаҷамъии сулҳпарвар, тартиби дубора гурӯҳбандӣ кардан ва ҷойгиркунии онҳо дар минтақаи муноқиша, инчунин расонидани ёрии ҳарбию техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.