Боздиди рӯзноманигорон аз муасиссаҳои тиббие, ки аз тарафи давлати Ҷопон таҷҳизонида шуданд

Рӯзноманигорон бо масъулини Сафорат давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) рӯзҳои 1-2 март татбиқи лоиҳаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ аз тарафи Сафорати давлати Ҷопон дар Тоҷикистон ва JICA дар бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуданд, аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Данғара, ки лоиҳаҳои болозикр татбиқ шудаанд, боздид намуданд.

Инҳо Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббӣ, Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Таъмини таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаҳо дар доираи лоиҳаи COVID-19, Лоиҳаи такмили мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббӣ дар Маркази миллии тибии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо мебошанд.

Нахуст рӯзноманигорон аз Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат  дидан намуданд. Тавре масъулини беморхонаи мазкур зикр намуданд, дар шаҳри Ваҳдат аз сабаби набудани гастроэндоскопи видеоӣ, беморон ҳамеша дар хатари гирифтор шудан ба гепатит қарор доштанд. Бо назардошти ин ҳолат 9 декабри соли 2021 Сафорати Ҷопон ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат як зумра таҷҳизоти муҳими тиббӣ, монанди системаи эндосиҷарроҳӣ, Протсессори видеоии сабук EG-2990K гастроскопи видеоии баландсифат, монитор 24 пиксела, аробачаҳои нақлиётӣ, санҷандаи ихроҷ SHA-P5 (детектори ихроҷ), KW2415R маҷмӯи биопсия аз нав истифодашаванда, KW1815S Маҷмӯи биопсия аз нав истифодашаванда, ирригатори эндоскопӣ, аспиратори эндоскопиро ба маблағи 89,230 доллари ИМА тақдим намуд.  Гуфта мешавад, пас аз анҷоми лоиҳа, беморхона тавонист қабули беморонро оғоз кунад, ки бояд аз муоинаи эндоскопии системаи ҳозима гузаранд ва ташхиси дақиқ ва кӯмаки тиббии бехатарро пешниҳод кунанд.

Раҷаб Зайниддинов,  ҷарроҳ, эндоскопист,  ки бо ин таҷҳизоти  замонавӣ  сару кор дорад мегӯяд бо  дастрас кардани ин дастгоҳ мушкилашон осон гашт . Онҳо  акнун натанҳо ба аҳолии  Ваҳдат,балки аҳолии  Файзобод, Нуробод, Рашт,  Точикобод,Норак ва дигар навоҳии гирду атроф хизмат мекунанд  . У мегӯяд ин дастгоҳи ҳозиразамон барои гузаронидани ташхиси бемориҳои роҳҳои узвҳои ҳозима хизмат мерасонад. Баморҳои мо пештар ба шаҳри Душанбе мерафтанд . Ҳоло ҳама намудҳои муоина  ва табобатро бо ин дастгоҳ мегузаронем.

Дар идома рӯзноманигорон дар ноҳияи Данғара  бо фаъолияти мошинаҳои ёрии таъҷилӣ шинос шуданд, ки Ҳукумати Ҷопон ба беморхонаи марказии ноҳия тақдим кардааст.  Гуфта шуд ин мошинҳо 3 адад буда дар чаҳорчӯбаи Кӯмаки расмии Ҷопон ( ОДА) барои Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Данғара дода шудаанд. Тибқи иттилои ироашуда дар маҷмуъ барои тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар  94 мошини ёрии таъҷилӣ бо маблағи 771 миллион иени Ҷопон (тақрибан 5,3 миллион доллари ИМА) тақдим гардидааст.

Ҳамчунин рӯзноманигорон кори таҷҳизоти тақдимшуда ба Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара» мушоҳида карданд. Ин таҷҳизоти тиббӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ин беморхона дастрас гардидаанд.

Бояд гуфт, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки аз тарафи  Ҳукумати Ҷопон  дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, ки ба соҳаи тандурустӣ равона гардида буд. Маблағи лоиҳа 600 миллион иени Ҷопон ё тақрибан 5,6 миллион доллари ИМ-ро ташкил дода, солҳои 2020- 2022 татбиқ гардид. Мақсади ин Лоиҳа саҳм гузоштан ба беҳбуди системаи тандурустӣ ва тиббии мубориза бо бемориҳои сироятӣ тавассути таъмини таҷҳизоти тиббӣ мебошад. Доираи Лоиҳаи мазкур, харидорӣ ва таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ба панҷ муассисаи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (БМТ), Беморхонаи клиникии шаҳрии № 3 – сӯхтагӣ (СМС), клиникаи «Мегородок» (ХМК), беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара (IDH) ва беморхонаи шаҳрии Бобоҷон Ғафурова  сурат гирифтааст, ки барои беҳбудӣ вазъи тиббию санитарӣ дар кишвар нақши муассир мебозад.

Тибқи лоиҳа  1 автомашинаи сайёри рентгенӣ, 4 дастгоҳии ренгении компактӣ,  50 генератори нафаси сунъӣ, 10 автоклав ё дастгоҳи безараргардонии таҳзизоти тиббӣ, 2 кати реаниматсионӣ бо назорати электрикӣ, 48 кати реаниматсионӣ бо назорати дастӣ,  20 монитори назди бистар ва 5 дефибриллятор дастрас ва тақдим гардидааст.

Ҳамчунин таҷҳизоти дигари тиббӣ, аз қабили сканери сайёри ултрасадо, дастгоҳи ултрасадо, катҳои беморхона ва ғайра ҳам ба муассисаҳои аз қабили Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии кардиологӣ»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара», Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ» ба номи профессор М.Г. Ғуломов, Беморхонаи клиникии вилоятии №1-и вилояти Хатлон, Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонӣ ба маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» дастрас шудаанд.

Дар идомаи пресс-тури мазкур рӯзноманигорон аз Маркази миллии тиббии «Шифобахш» боздид карданд. Ҳукумати Ҷопон ҳамроҳ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 40 таҷҳизоти  навтарини тиббӣ ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш» тақдим кард.  Ин иқдом дар доираи Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар арафаи дар ҳоли амалӣ шудан аст.  Ин лоиҳаи грантӣ аз 3 феврали соли 2020 оғоз шуда, моҳи октябри 2025 ба поён меёбад.

Дар назар аст, ки  рӯзҳои наздик рӯнамоии баъзе аз дастгоҳҳои тозавуруд баргузор хоҳад шуд.  Маъруф Ҳомидов, муовини директори Муассисаи давлатии  маркази тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”  мегӯяд, ки  дар баробари тақдими ин таҷҳизоти тиббӣ табибон низ ҷониби мутахассисони ҷопонӣ омӯзонида шуданд.  Ба гуфтаи ӯ  қаблан агар беморони мо ба дигар кишварҳо барои гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногун  бо  сарфу масрафи зиёд мерафтанд, имрӯз бо дастрасии ин таҷҳизотҳо мо метавонем он ҷарроҳиҳоро  дар беморхонаи худамон бо арзиши дастрас барои аҳолӣ гузаронем. Ин таҷҳизотҳои метавонанд, ки сатҳи бистари шудани беморонро дар марказ кам гардонанд.

Тавре Сейҷу Имай, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар суҳбат бо рӯзноманигорон қайд намуд, ки ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз  гардида, самти аввалиндараҷаи JICA соҳаи тандурустӣ буд. Ба бовари Сейҷу Имай  захираҳои инсонӣ дар баробари таҷҳизот хеле муҳиманд. Аз ин рӯ, дар Ҷопон барои мутахассисони соҳаи тандурусти курсҳои омӯзишӣ барои нигохдории таҷҳизоти тиббӣ мегузаронад.