АНЪАНАИ АҶДОДОН- РОҲНАМОИ РИСОЛАТИ НИЗОМИЁН

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кӯраи оташи муқовимати шаҳрвандӣ тавлид ёфта, зиёда аз се даҳсола боз ҳамчун як рукни асосии давлат, кафили якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар ҳифзи сулҳу осоиш ва амнияти халқу давлати худ қарор дорад, рисолати муқаддаси худро баҳри муҳофизати музаффариятҳои соҳибистиқлолии Ватан содиқона ба ҷо меорад. Мусаллам аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри таъмини иҷрои вазифаҳои худ бо тамоми воситаҳои ҳозиразамони ҷангӣ муҷаҳҳаз ва бо ҳайати шахсии баландихтисос пурра гардонида шуда, дар сафҳои он ҷавонони бо нангу номуси ватандӯст ва дилбохтагони касби хеш хизмат менамоянд. Низомиёни имрӯза ворисони кори аҷдодон, давомдиҳандагони анъанаҳои беҳтарини муҳофизони Ватан ва халқи хеш  мебошанд. Ҷавонони мо ватандорию хештаншиносии худро на як бору ду бор ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлату халқ дар рафти ҳодисаҳои душвору пурмашаққати солҳои муқовимати шаҳрвандӣ, дар амалиётҳои ҷангӣ собит кардаанд. Бисёр ҷавонони мо баҳри таъмини осоишу амнияти давлату халқи худ ба тамоми душворию маҳрумиятҳо мардонавор тоб оварда, мисли бобоёни шуҳратёрамон дар ҳифзи Ватан ҳатто ҷони азизи хешро дареғ надоштаанд.

Ҳамасола сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби ҷавонон пурра шуда, эстафетаи шуҷоату корнамоии аҷдодон ва муҳофизони онро содиқона давом медиҳанд, бо хизмати содиқонаи худ ба меросбару идомадиҳандагони анъанаҳои халқи худ, Артиши миллӣ ва падарони номдори худ мубаддал мегарданд. Боиси ифтихори мост, ки ҳангоми хизмати ҳарбӣ онҳо новобаста аз миллату нажод ва маҳалли даъват худро ҳамчун ватандӯстони ҳақиқӣ нишон медиҳанд. Дурустии ин гуфтаҳо дар муборизаҳои беамон бар зидди истилогарони аҷнабиву душманони дохилӣ борҳо тасдиқ шудааст.

Тавре маълум аст, имрӯз мо дар машқу машғулиятҳо таърихи халқамонро омӯхта, дар бораи роҳҳои ояндаи рушду беҳбуди зиндагӣ ва дигар масъалаҳо ҷавоб меҷӯем. Албатта, бо гузашти айём дар ҳаёти кишвару халқамон дигаргуниҳои зиёд рӯй доданад. Вале, ба ин нигоҳ накарда, анъанаҳои миллии аҷдодонамон бидуни вақту замон ва рушду суқути давлатҳо ҳамчун дуру гуҳари ноёб ва мероси гаронбаҳои ниёгон ба мо абадан мерос мондааст.

Набояд фаромӯш кард, ки анъана урфу одатҳои қавии таърихии халқ, тартибу меъёрҳои устувори рафтору одоби одамон буда, аз наслҳо ба наслҳо гузаштаанд, ғанӣ гаштаанд ва ба қонуни ахлоқии халқамон табдил ёфтаанд. Анъанаҳои ҷангӣ низ ҳамчун одату тартиби муайяни ахлоқию маънавии низомиён ба меъёри рафтори онҳо табдил ёфта, онҳоро ба иҷрои намунавӣ ва содиқонаи вазифаи муқаддаси хеш ҳидоят менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки таърихан анъанаҳои беҳтарини аҷдодонамон ватандӯстӣ, садоқат ба халқу давлати худ,  омодагӣ ба ҳифзи Ватан, боварӣ ба нерӯйи худ ва пирӯзӣ бар душман, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, ба Артиш ва хизмати ҳарбӣ, ба корнамоии гузаштагон, эҳтироми командирон, иҷрои бечунучаро ва амиқи фармонҳо, садоқат ба дӯстии ҳарбӣ, кӯмак ва дастгирии ҳамдигарӣ, кӯшиш ба такомули маҳорати ҷангӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии қисми ҳарбии худ мебошанд. Аз ин хотир, тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, мо бояд аз анъанаҳои аҷдодонамон ифтихор намоем. «Мардуми тоҷик барҳақ бо анъанаҳои пуршарафи артиши миллӣ ифтихор мекунад. …Имрӯз ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол мебошанд”. Воқеан ҳам, насли имрӯза беҳтарин хислатҳои аҷдодонамонро мерос гирифтааст. Бояд таъкид кард, ки анъанаҳо чӣ қадар ба қаъри таърих чуқур реша давонад, ҳамон қадар ягонагиву муттаҳидии халқ мустаҳкам мегардад. Яъне, донистани анъанаҳо нангу номусест, ки дар рафъи ҳамагуна мушкилиҳо ба ҳарбиёни ҷавон ёрӣ хоҳанд расонд. Маҳз бо  азёд кардану омӯхтан, истифодаи ин маскани хирад муҳофизони ҷавон ба нерӯӣ худ бовар карда  ба пирӯзӣ мерасанд.  

Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки анъанаҳои ҷангӣ боигарии маънавии муҳофизони Ватан буда,  дар он нерӯи бузурги тарбиявию ахлоқӣ нуҳуфта аст. Ҳайати шахсӣ бояд онҳоро бо ақлу дил омӯхта, бо гузаштаи  аҷдодони хеш ифтихор намоянд, дар ҳифзи Ватан ба вазифаю масъулияти худ хубтар сарфаҳм рафта аз онҳо дар хизмати ҳарбӣ самаранок истифода баранд.

Ҳамин аст, ки дар хотираи ҷанговарони ватандӯсти тоҷик корнамоиҳои Рустаму Сӯҳроб, Коваи оҳангар, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ, корнамоии бобоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бародаронамон дар солҳои мубориза барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза алайҳи терроризму экстремизм абадӣ нақш баста, дар лаҳзаҳои ҳассос ба суйи хавфу хатари марговар мардонавор ва дилпурона қадам гузоштанд. Аз ин рӯ мо ҳеҷ гоҳ шуҷоату далерӣ ва қаҳрамонии фарзандони асили халқамонро ҳангоми рафъи ҳамлаи хоинонаи душманони Ватан, ки ҷони худро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ-ҷангӣ нисор кардаанд, дигар корнамоии сарбозону афсарони имрӯзаро фаромӯш нахоҳем кард. Ин корнамоиҳо далели онанд, ки ҷавонон — муҳофизони имрӯзаи Ватан, фарзандони асили халқу кишвари азизамон, давомдиҳандагони содиқ ва ворисони муносиби анъанаҳои ҷангии бобоёну падарони шӯҳратёрамон мебошанд.

    Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбӣ ба таблиғ ва аз ҷониби низомиёни ҷавон омӯхтану истифодаи васеи анъанаҳои аҷдодонамон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки баҳри омӯзишу дар раванди хизмати ҳарбӣ истифодаи мероси ниёгон дар қисмҳои ҳарбӣ бо низомиёни ҷавон пайваста вохӯрию сӯҳбатҳо, конфронсу викторинаҳо, машғулиятҳои илмию амалӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ-тарбиявӣ гузаронида шуда, онҳо ба мустаҳкам шудани интизоми ҳарбӣ, таҳкими ватандӯстӣ, дӯстию бародарӣ, хизмати содиқона мусоидат менамояд. Анъанаҳои ҷангии ниёгон аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар ва матбуоти ҳарбӣ васеъ инъикос шуда, дар  ғани гаштани дониши низомиёни ҷавон кӯмак менамояд.

Албатта, дар кори таълиму тарбияи анъанаҳои ниёгон омӯхтани Паёмҳои ҳамасола ва баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрию мулоқоти Сарвари давлатамон бо ҷавонон, вохӯрию сӯҳбатҳо бо собиқадорон бахшида ба ҷашну маросимҳои муҳими давлативу касбӣ  низ роли муҳим мебозад.

Шодем, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоламон дар иҷрои вазифаҳои суннатии хеш қадамҳои устувор гузошта, ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни худ омодагӣ дорад. Мутмаинем, ки дар таърихи Артиши миллиамон анъанаҳои шуҷоату далерӣ, қаҳрамонию пирӯзиҳои аскарону афсаронамон дар майдонҳои ҳарб, корнамоии беҳамтои ҷанговарон баҳри ҳифзи истиқлолияти Ватан ва иҷрои вазифаҳои ҷангӣ бо хатти заррин сабт мегардад. Анъанаҳои пуршарафи гузаштагонамон бошад ҳамчун чароғи раҳнамо дар замири ҳар як ҷавон, ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳисси ифтихорро ба Тоҷикистони азиз, ба артиши миллиамон пурзӯр месозад. Агар имрӯз ҳар яки мо худро фарзанди бо нангу номуси ин диёр донем, бояд бо садоқати бепоён ба қарзи фарзандию ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ҳамин анъанаҳои бойи ҷангии падарону бобоёни шӯҳратёрамонро баҳри муҳофизати боэътимоди сарзамини аҷдодӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон идома диҳем.

Ҳайдар ХУДОЙҚУЛОВ,

полковники мустаъфӣ

Бознашр аз https://mort.tj/