Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба далели ба охир расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро тарк мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба сифати сармураббии тими миллии Тоҷикистон замоне шуҳрати зиёд касб, ки таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар хабаре ба Петр Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кардааст.
Ба иттилои ФФТ дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст. Инчунин, таҳти роҳбарии Сегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 тими миллии мо дар мусобиқаи «King’s Cup-2022» дар Таиланд ва соли 2023 дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия ғолиб омадааст.
ФФТ номи сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълон хоҳад кард.