Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 феврал аз натиҷаҳои рушди соҳаи саноат матлабе нашр карда, менависад, ки соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 46,8 миллиард сомонӣ расид, ки назар ба соли 2022-юм 4,6 миллиард сомонӣ бештар мебошад. Ҳамзамон ба маълумоти Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологиҳои нав, ба ҳолати якуми январи соли равон шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда 124-торо ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ як гурӯҳ корхонаҳои саноатӣ ба Вазорат бо сабабҳои ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатномаи фаъолият, надоштани маблағҳои гардон ва фармоиш, гузарондани корҳои таъмирӣ оид ба сифр будани даромадашон ҳисобот доданд. Шералӣ Кабир дар ин бора гуфт, ки шумораи ин корхонаҳо ба 426 адад расид ва агар ду сол нишондодҳо сифр бошанд, он гоҳ ба гурӯҳи корхонаҳои бозистода ворид мешаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ бо нашри матлабе менависад, ки пардохти алимент ҳангоми пошхӯрии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, то кунун яке аз масъалаҳои ташвишовару баҳснок боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки аз шумораи умумии парвандаҳои оилавӣ, ки дар судҳои ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд, аксаран ба масъалаи рӯёнидани алимент бастагӣ доранд.
Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар соли 2023 аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак 33 миллиону 300 ҳазор маблағи алимент ситонда шуд.
Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон соли гузашта ба манфиати мардон 12 санади судӣ оид ба супурдани маблағи алимент қабул карда шудааст. Яъне, ҳоло 12 зане ҳаст, ки барои пардохти алимент уҳдадоранд. Дар баробари ин нисбат ба 568 қарздор бошад, барои сари вақт пардохт накардани алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зисташон аз ҷониби иҷрочиён бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон шудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 феврал хабар дод, ки рӯзи 28 феврал иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор мешавад.
Тибқи иттилои нашрия, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ ҳисоботи прокурори генералӣ «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023», чанд лоиҳаи қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва инчунин, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои таъйин ва озод намудани муовини якум ва муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи худ, аз нишасти матбуотии Фирӯза Шарифӣ раиси шаҳри Норак хабари муфассал нашр крадааст. Фирӯза Шарифӣ дар баробари ишора ба дастовардҳо дар рушди саноат дар соли гузашта, гуфт, ки яке аз мушкилоти чашмраси шаҳри Норак соҳаи маориф аст.
Ба гуфтаи вай, муассисаҳои таълимӣ дар нақшаи харитасозии деҳаҳои навбунёд ҷой надорад. Аз ҷумла деҳаи навбунёди Кибили деҳоти «Пули сангин», ки беш аз 450 хоҷагиро дар бар мегирад, то ҳол мактаб ва ягон иншооти хизматрасонӣ надорад.
Дар ин ҳолат беш аз 300 нафар хонандагони ин деҳа дар муассисаи таълимии № 28-и шаҳри Норак ва наздик ба 200 нафари дигар дар мактаби № 7, воқеъ дар маркази деҳот, таҳсил менамоянд, ки барои рафтуомади хонандагон мушкилиҳои зиёд дорад.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси шаҳри Норак, норасоии муассисаҳои томактабӣ низ вуҷуд дорад ва тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар шаҳр 301 кӯдак дар навбати гирифтани роҳхат ба кӯдакистонҳо қарор доранд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 14 феврал мақолае бо номи “Бохтар: Раиси нав мушкили куҳнаро ҳал мекунад?” чоп карда, менависад, ки қисме аз бинои Муассисаи томактабии рақами 7-и шаҳри Бохтар валангор аст, аммо бо гузашти беш аз даҳ сол ва иваз шудани чанд раис ин мушкил бартараф нагардид.
Ба гуфтаи муаллиф, бо вуҷуди иддаои масъулин дар бораи таъмир шудани ошёнаи якуми кӯдакистон ва иваз шудани дару тирезаҳо, мушоҳидаи хабарнигори нашрия нишон дод, ки дару тирезаҳо замонавӣ набуда, барои гарм нигоҳ доштани дохили ҳуҷраҳо аз дохили тирезаҳо “клёнка” кашида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Бохтар 22 муассисаи томактабӣ бо фарогирии зиёда аз 3 ҳазору 190 кӯдак фаъолият доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 15 феврал бо нашри мталабе масъалаи пардохти хароҷоти насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар манзилҳои маскунии мардумро баррасӣ кардааст. Муаллиф аз қавли сокинон иддао кардааст, ки ба унвони мисол ҳоло дар шаҳри Турсунзода маҷбуран иваз кардани ҳисобкунакҳои барқӣ бо нархи аз 600 то 1200 сомонӣ идома дорад. Дар ҳоле ки қаблан иваз кардани ҳисобкунаки барқӣ аз 300 то 600 сомонӣ арзиш дошт.
Дар баробари ин ба гуфтаи муаллиф, пули ҳисобкунаки барқиро нақдӣ мегиранд ва раисд ҳам пешниҳод намекунанд. Дар ҳоле ки айни замон дар саросари кишвар низоми пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ҷорӣ шудааст.
Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” дар шумораи рӯзи 15 феврал бо нашри матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ нуктаҳои муҳими нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро баррасӣ кардааст.
Бахтиёр Назарзода раиси шаҳри Кӯлоб дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, ки дар ин шаҳр мактаби махсуси варзиши футбол таъсис мешавад. Илова бар ин дар соли ҷорӣ барои дастгирии дастаи футболи “Равшан” ҷудо намдуани 1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Нашрия дар матлаби дигари худ иддао кардааст, ки Вазорати молия соҳаи коммуналии шаҳри Кӯлобро ғарқи қарз кардааст. Аз ҷумла айни ба навиштаи муаллиф, маблағи пардохти истифодаи оби нӯшокӣ барои имтиёздорони ҷанговарони интернатсионалист дар соли 2023 беш аз 74 ҳазор сомонӣ аст. Аммо вазорати молия барои пӯшонидани ин хароҷот ҳамагӣ 43 ҳазор сомонӣ ба корхонаи обу корези шаҳри Кӯлоб ҷудо кард.
Дар идома зикр мешавад, ки вазорати молия барои дигар имтиёздорон низ 10 маротиба камтар маблағ ҷудо кардааст, ки ҳамаи ин қарзҳо дар соли 2023 ба зиёда аз 7,3 млн сомонӣ расидааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”