Дар ҳафт соли охир сохтмони зиёда аз 1300 иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 21, 7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ба фондҳои асосӣ супорида шудааст.
Ин нукта зимни нишасти хабарии МИҲД-и шаҳри Душанбе садо дод. Дар шарҳи ин маълумот муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод, ки ҳамзамон зиёда аз 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба шаш соли қаблӣ 2,6 маротиба ва ё 2,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки айни замон дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъминоти гуногун амалӣ шуда истодаанд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”