Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 26,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,2 фоизро ташкил додааст.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дода шуда, илова гардид, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 121 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 107 фоиз, гардиши савдо 112 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 120 фоиз, боркашонӣ 116 фоиз ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардидааст.