Вазорати корҳои хориҷӣ: Дар соли 2023 173 санади байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ ба имзо расид

Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки Тоҷикистон муносибатҳои гуногунҷанбаро бо ҳамаи шарикони дуру наздик мунтазам густариш медиҳад. Дар ин марҳила ба мақсади баргузории мулоқот ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун тақрибан 150 ҳайати гуногунсатҳ аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ озими Тоҷикистон гардиданд, ки роҷеъ ба он ҳамаи корҳои тадорукотию ташрифотӣ босамар анҷом дода шуд. Қобили қайд аст, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва баланд, инчунин тибқи дигар тартиботи муқарраршуда, дар маҷмӯъ 173 санади байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ ба имзо расид. Дар самти фаъолияти консулӣ иқдомҳои созанда ва дигар ташаббусҳо ба мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин ҷиҳати соддасозии рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сармоягузорону сайёҳон ба кишвар идома ёфтанд.

Таъкид шуд, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” – рӯйдоди муҳимми марҳилаи ҳисоботӣ на танҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки аз оғоз бо ибтикори Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Подшоҳии Нидерландҳотарҳрезӣ шуда, 22-24 марти соли ҷорӣ бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид. Дар ин замина ҷиҳати омодагӣ дар сатҳи муносиб ва баргузории бомуваффақонаи конфронсу чорабиниҳои канории он ва иқдомҳои тарғиботии марбут ба ин маъракаи муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа бо истифода аз ҳамаи имконот саъю талош намуданд.

Ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай роҷеъ ба Стратегияи рушди иқтисодии созмон барои давраи то соли 2030 низ, аз дастовардҳои муҳими ин марҳила ба шумор меравад.

Бояд қайд кард, ки ҷамъбасти муфассали фаъолияти Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон фаротар аз он аст, ки  мо имрӯз ва инҷо мо бо назардошти маҳдудияти фурсат, таваҷҷуҳи шуморо танҳо ба рӯйдодҳои муҳимтарин бо тамаркуз ба фаъолият дар соли сипаришуда ҷалб менамоем.

Сафарҳои давлатӣ расмӣ ва муколамаи дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ пайваста дар самтҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Чин, Қатар, Эрон ва Русия, ки аз натиҷаи онҳо маҷмӯи санадҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ ба имзо расид, ба рушду таҳкими муносибатҳо бо он кишварҳо такони мусбат бахшиданд.

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки пойтахтамонро бори дигар ба маркази баргузории ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ табдил дод, аз лиҳози мундариҷавӣ ғанӣ ва ба сифати омили тақвиятдиҳандаи муносибатҳои дӯстонаю ҳусни ҳамҷаворӣ хотирмон буд.

“Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тамаркуз ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили таъмини суботу амният, инчунин татбиқи ҳадафу уҳдадориҳо дар масири беҳдошти вазъи обу иқлим, ҳамчунин аз вежагиҳои ин давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбанд” – чунин гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳиддин.

Машраб Маликов,

радиои “Тоҷикистон”