Дар соли 2023 хусусияти иҷтимоии буҷет нигоҳ дошта шуда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18,7 млрд сомонӣ равона гардид, ки он 45, 3 фоиз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.
Ин матлабро имруз зимни нишасти хабари Вазири молия кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дода, илова намуд, ки дар соли ҳисоботӣ барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 8,5 млрд сомонӣ ё 20 фоиз ҳаҷми умумии хараҷоти буҷетӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти нафақа 3,6 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба маблағи 618,3 сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 967,3 млн сомонӣ ва идорапулӣ 158,1 млн сомонӣ пардохт карда шуд.
Сурайё Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”