Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба андозаи 105,2 фоиз иҷро гардидааст

Имрӯз раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Руслан Қодирзода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон фаъолияти яксолаи Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро натиҷагирӣ кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2023 дар ноҳия нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 105,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 941,2 млн. сомонӣ, 990,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақшаи андозҳо 49,2 млн. сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 95,0 млн. сомонӣ бештараст.

Ҳамчунин манбаъ тибқи иттилои масъулин  илова кард, ки нақшаи буҷети маҳалли дар давраи ҳисоботӣ 106,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 186,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 10,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 183,0 млн. сомонӣ 182,9 млн. сомонӣ харҷ гардидааст, ки 99,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Машраби Холмаҳмад,

радиои “Тоҷикистон”