Нусратулло Давлатзода: Хизматрасонии ғайринақдӣ 90 дарсад афзуд

Дар соли 2023 нақшаи  андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 103,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 17 млрд. 738 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 650  млн.сомонӣ зиёд мебошад.

«Агар тавассути посттерминал ва ҳамёнҳои мобилӣ дар давоми соли 2023 2,5 млн. амалиёт бо маблағи 900 млн. сомонӣ сурат гирифта бошад, аз ҳамин 2,1 млн амалиёт ва 780 млн. сомониаш баъди Фармони Президенти мамлакат дар бораи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ сурат гирифтааст, ки ин натиҷаи хеле хуб аст. Танҳо дар минтақаҳои дурдаст камбудиҳо ҷой доранд ва ин ҳам бошад, тибқи меъёр додани неруи барқ ва таъмин набудан бо хатти интернети босуръат мебошад, — таъкид дошт Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ.

Нусратулло Давлатзода дар идома таъкид дошт, ки бақияи қарзи андозҳо дар маҷмуъ 647,6 млн.сомониро ташкил дода, қарздорони асосӣ – Кони ангишти Зиддӣ, «Алюменсохтмон», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, «Тоҷиктелеком» , «Шабакаи Интиқоли барқ»,  ҶСК Ангишт, Шабакаи таксимоти барқ ва дигар ташкилоту идораҳо буда, бо вуҷуди ин ҳама қарздорӣ  танҳо як намуди андоз – андозҳо барои захираи табиӣ иҷро нашудааст.

Дар соли 2023 тибқи маълумот аз Феҳрести ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 350,3 ҳазор ададро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 10,1 ҳазор адад зиёд мебошад. Айни замон 67,2 фоизи субъектҳои ҳисоботдиҳанда эъломиҳои худро ба шакли электронӣ пешниҳод менамоянд ва барои боз ҳам бештар намудани ин шумора корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд, зеро гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва эъломияҳои электронӣ агар аз як тараф таъсири инсонро кам намояд, аз ҷониби дигар  иқтисоди пинҳониро  аз байн мебарад.

Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”