Сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат кам шудааст

Дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 21319 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022 1162 ҳолат кам мебошад.

Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон ироа кард. Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон 57, роҳзанӣ 19, ғоратгарӣ 107, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 129 ва дигар масъалаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Ҳамчунон иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор карда шуданд.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои “Тоҷикистон”