Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми бераводид ҷорӣ намуд

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба маълумоти шаҳрвандон расонидааст, ки ҳукумати Давлати Қатар бар асоси принсипи муомила ба мисл ва ба мақсади рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба бо қарори махсус нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бераводидро ҷорӣ намудааст.

Ба маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар тибқи қарори мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба Қатар ворид шуда, ба муддати 30 рӯз дар қаламрави он иқомат кунанд.

Эълони мазкур дар саҳифаи расмии Агентии сайёҳии ин кишвар “Visit Qatar” ба забонҳои англисӣ ва арабӣ гузошта шудааст.