Ба Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот барои хондани дарсҳои назариявӣ аз Русия 4 нафар мутахассиси касбӣ даъват шудааст, дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Инчунин гуфта шуд, ки айни замон аз тарафи омӯзгорони Донишкада 7 намуди иловаҳои биологӣ мавриди коркард қарор дорад.
Дар самти ихтироъкорӣ маълумот дода шуд, ки соли сипаригардида омӯзгори Донишкада дар 16-умин озмуни байналмилалии бонувони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба ихтирооташ (Капсула аз растаниҳои шифобахши ватанӣ), ки барои табобати бемориҳои илтиҳоби гӯшу гулӯ ва бинӣ тавсия дода мешавад, сазовори ҷои якум ва медали тилло гардид.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”