Ашурбой Солеҳзода: Тоҷикистон ба кишвари иқтисодаш пурра “сабз” табдил хоҳад шуд

Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии Душанбе Форуми “иқтисоди сабз” таҳти унвони “Имкониятҳои нав барои рушди соҳибкорӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оғоз шуда, идома дорад.

Форумро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда таъкид дошт, ки дар ҷумҳурӣ Стратегияи иқтисоди сабз барои солҳои 2023- 2037 мавриди амал қарор дорад ва форуми мазкур ба хотири мусоидат ба дастгирии соҳибкории сабз мебошад. Кишвари мо нақша дорад, то ба як давлати иктисодаш пурра “сабз” табдил ёбад, зеро сол ба сол таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳит бештар мешавад ва ин ҳама моро водор мекунад, то тадбирҳои заруриро дар ин самт биандешем.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва байналмилалии Британияи Кабир низ зимни суханронӣ иқдомҳои Тоҷикистонро дар самти “иқтисоди сабз” ва самаранокии захираҳо дастгирӣ намуда, таъкид дошт, ки тамоми башарият бояд ба ин самт рӯ биёранд. Соҳибкории хурду миёна метавонад бо истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳми худро дар рушди “иқтисоди сабз” гузорад.
Намояндагони бахши хусусӣ низ лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд, ки маҳз дар асоси “иқтисоди сабз” тарҳрезӣ шуда буданд. Аз ҷумла, оид ба логистикаи “сабз”, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии гарминигоҳдорӣ ва дигар самтҳо андешаҳои худро иброз доштанд.

Корманди масъули вазорати рушди иутисод ва савдои ҷумҳурӣ Аҳадзода Баҳодур низ Стратегияи “иктисоди сабз”-ро бори дигар муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки дар натиҷаи сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ иқтидори истеҳсоли неруи барқ то ба 10 ҳазор мегават расонида хоҳад шуд.

Дар Форуми мазкур олимону мутахассисон ва соҳибкорони ватанӣ низ ширкат доранд ва вохӯрии ВхВ доир гардид, ки ин барои рушди ҳамкориҳо ва дастаҷамъона рӯ овардан ба “иқтисоди сабз”, бартарафсозии мушкилот кумак хоҳад кард.

Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”