БМТ: Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ меафзояд

 Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31-уми декабри соли 2023 дар маҷмуъ 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ,  19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд  ва 25 фонди қарзии хурд  фаъолият менамоянд, — зикр гардид, дар нишасти матбуотии Бонки Миллии Тоҷикистон.

Ба суоли хабарнигорон оид ба ҳаҷми қарзҳои додашуда, Фирдавс Толибзода, раиси БМТ посух дода, таъкид дошт, ки  дар соли 2023 ҳаҷми қарзҳои додашуда 19 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022 4,6 млрд сомонӣ ва ё 32 фоиз  зиёд аст. Агар аз рӯйи соҳаҳо нигарем, ба соҳаи истеъмолот 43,1 фоиз, кишоварзӣ 14,4 фоиз, савдои хориҷӣ 11,7 фоиз, саноат 14,1 фоиз, хизматрасонӣ 7,1 фоиз, сохтмон 3,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,8 фоиз қарз дода шудааст. Ба соҳибкории истеҳсолӣ аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 37,8 фоиз рост омада, маблағи 7,2 млрд.сомониро ташкил дод, ки 36,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар идома Фирдавс Толибзода гуфт, ки барои бештар намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 6 939 РОS-терминал ва 12,6 ҳазор QR –рамзи ягона насб карда шуданд.  Ба ҳолати имруза миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ  6,7 млн ва шумораи умумии  ҳамёнҳои элекронӣ ба 8,7 млн адад баробар гардидааст.

Тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 79,3 млрд сомонӣ амалиёт анҷом дода шуд, ки 15, 5 млрд сомониро амалиёти пардохти ғайринақдии молу хизматрасонӣ  ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 90 фоиз афзуда, дар ҷумҳурӣ 20 фоизи муомилоти пулӣ ба таври ғайринақдӣ сурат гирифтааст.

                      Шоистаи Аҳмад

               радиои «Тоҷикистон