Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 46815,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ ,декабри соли 2022 _ юм 12,0 фоиз афзудааст, хабар дод имрӯз зимни нишасти хабарӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳамадзода.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ истихроҷ 11,7 фоиз, саноати коркард 12,3 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 20,9 фоиз ба амал омадааст.
Сурайё Баротова,
радиои “Тоҷикистон”