Дар соли 2023 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 166 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қонунвайронкунии молиявиро ба маблағи 405,6 миллион сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28, 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар асоси қоидавайронкуниҳои молиявие, ки аз тарафи мутахасисони Палатаи ҳисоб дар 17 шаҳру ноҳияи кишвар муайян гардид, 10 нафар аз вазифа озод гардида, 237 нафари дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар соли 2023 аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 67 мавод ба маблағи 90,6 миллион сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прократураи генералӣ, Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Суди иқтисодӣ ирсол гардидааст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2023 дар самти баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар сохторҳои вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб 64 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, қонунвайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 41,4 миллион сомонӣ муайян ва аз он 34,6 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“