Сатҳи таваррум дар кишвар кам шудааст

Дар соли 2023 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 6% ва ё 2 банди фоизӣ ҷамъбаст гардида, 3, 8 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,4 %, молҳои ғайрихӯрокворӣ 6,6 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 1,2 фоиз ба амал омад. Ин нуктаро имрӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО-и кишвар иттилоъ дод.

Ҳамзамон Бонки миллии кишвар дар соли ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ-қурбӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 108 музоядаи фурӯши коғазҳои қимматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 8,9 млрд сомонӣ баробар намудааст.

Дар масъалаи меъёри бозтавмил, ки ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монеторӣ ба ҳисоб меравад, гуфта шуд, ки дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқараргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбати беҳтар шудани интизориҳои таварруми аҳолӣ аз аввали соли 2023 тадриҷан ба андозаи 3,0 банди фоизи паст карда шуда, дар сатҳи 10, 0 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”