Зимни нишасти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти яксола раиси ноҳия Билол Иброҳим ба кормандони ВАО иттилоъ дод, ки дар соли 2023 ба шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 4007 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин 3329 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 2756 нафарашон ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудааст.
Дар соли 2023 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 9 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст, ки дар онҳо беш аз 168 ташкилоту муассисаҳо ба шахсони бекор 609 ҷойи кори холӣ пешниҳод намудаанд, ки аз ин шумора 222 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”