13 феврал дар Тошканд даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Ҷумҳурии Узбекистон Раҳматулло Нуримбетов роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати муколамаи сиёсӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин табодули афкор атрофи ҳамкории Душанбе ва Тошканд дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ анҷом дод шудааст.
Зимни чорабинӣ таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани қисмати муҳтавоии тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд зоҳир шудааст.
Дар ҳошияи сафар вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов ва машваратҳо дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оид ба ташхиси заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо доир гардиданд.