Ҷамшед Ғанизода ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки дар соли 2023 119 нафар профессорону омӯзгорони донишкада ба корҳои илмӣ – эҷодӣ ва илмӣ – методӣ машғул шуданд, ки аз ин шумора 63 нафарашон омӯзгорони асосӣ, 37 нафар ҳамкорони дохила ва 19 нафари дигарро ҳамкорони берунаи донишкада ташкил медиҳад.
Ин нукта дар нишасти матбуотии ин Донишкада зикр шуда, илова гардид, ки дар соли 2023 ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тариқи маркази миллии тестӣ 282 нафар донишҷӯён дохил гардиданд, ки ин дар муқоиса ба соли 2022 45 нафар кам мебошад.
Дар идомаи нишаст Ҷамшед Ғанизода ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гуфт, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 61 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада иштирок карда, аз ин шумора 11 нафар ҷойҳои намоён ва 2 нафари дигар сазовори шоҳҷоиза гардиданд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар соли 2023 масъулини самти робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар 10 чорабинӣ, фестивал, форум ва вохӯрии сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуда, бо 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, санъати тасвирӣ, сафарбарии академӣ, мубодилаи донишҷӯён, ташкили таҷрибаомӯзиҳо ва такмили ихтисоси кормандону омӯзгорон ба имзо расонидааст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”