Талафоте, ки бемории сироятии коронавирус ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дод, шояд фаромӯш шаванд, зеро таваҷҷӯҳи ҷаҳон ба бӯҳронҳои дигар нигаронида шудааст ва инсоният ба пандемияи нав омода нест, – гуфтааст роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Тедрос Гебрейюс.
Ба гуфтаи Гебрейюс, агар ҷаҳон дарси худро наомӯзад, пас дафъаи оянда “баҳои вазнин” хоҳад гирифт. Вай таъкид кард, ки масъала на сар задани пандемияи нав, балки кай рух додани он аст. Роҳбари ТУТ қайд кард, ки пандемияи нав метавонад аз ҷониби як вируси зуком, як коронавируси нав ё як патогени нав, ки мо то ҳол онро намедонем, ба вуҷуд ояд. Тедрос Гебрейюс аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки ихтилофотеро, ки ҳангоми машваратҳо оид ба таҳияи созишномаи байналмилалӣ барои пандемия ба вуҷуд омадаанд, бартараф кунанд.