Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба конфронси Душанбе даъват шудааст

 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намудааст. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба Деннис Фрэнсис даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид  ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) супорида шудааст.