Дар соли 2023 шумораи умумии саёҳон 1 358,0 ҳазор нафаро ташкил дода, аз ин шумора 1 256,2 ҳазор нафар ё 92, 5 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 101,8 ҳазор нафар ё 7,5 фоиз ба давлатҳои хориҷӣ дуру рост меояд.
Ин матлабро имрӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ Камолиддин Муъминзода зимни нишасти хабарӣ итилоъ дода, зикр кард, ки аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 1 201 000 нафар ба ҳайси саёҳи арзёбӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 ҳазор нафар сайёҳ ё 20,2 фоиз зиёд мебошад.
Камолиддин Муъминзода дар нишаст иброз дошт, ки тибқи маълумотҳо ташрифи сайёҳон ба кишвари мо аз 121 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Хитой ва Туркия шомил гардиданд
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”