Таҳлилу омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ муаян намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани маҷмуи чорабиниҳои пешгирию ташхисӣ ва маҳдудкунонӣ хуруҷи бемориҳои сироятии вабо, тоун ва домана дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба намояндашони ВАО-и дохилу хориҷи кишвар иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти вазир, аз ҷониби мутахасисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар дар соли 2023 санҷишҳо гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 1 36230 кг маҳсулотҳои хӯрокаи пастсифат ва муҳлати истеъмолиашон гузашта аз муомилот боздошташуда, тибқи муқаррароти муаянгардида нобуд карда шуданд.
Инчунин дар мавриди фавти модар ҳангоми таввалуд аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки дар ин давра фавти модар коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки таваллуд дар соли сипаригашта 241 185-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2022 3877 адад зиёд мебошад. Сабаби асосии фавти модарро масъулини соҳа ба оризаҳои хунравӣ, оризаҳои септики рабт доданд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”