Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои энергетика ва кашфи майдонҳои захираи нафту газ баррасӣ шуд

Дар шаҳри Боку вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Парвиз Шахбозов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории  дуҷонибаро байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои энергетика, бахусус ҷалби сармояи ширкатҳои озарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз қабили бунёди неругоҳҳои нави барқию обӣ ва офтобӣ баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо рохҳои интиқол ва коркарди нафти хом дар Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои бонуфузи озарӣ дар кашфи майдонҳои захираи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.