Имрӯз, 10 феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаил (Қатар) соати 20:00 бо вақти Душанбе бозии финалии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Қатар баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Урдун дар гурӯҳи «D» бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Дастаи мунтахаби Урдун дар ҳаштякфинал Ироқро бо ҳисоби 3:2, дар чорякфинал Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 ва дар даври нимниҳоӣ Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд.
Дастаи мунтахаби Қатар дар гурӯҳи «А» бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Дастаи мунтахаби Қатар дар ҳаштякфинал Фаластинро бо ҳисоби 2:1 ва дар чорякфинал Узбекистонро аз рӯйи зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқот шомил гардид.
Қобили тазаккур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок намуд ва ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, дар таърихи футболи тоҷик саҳифаҳои наву шоистаи таҳсин боз намуд.