Дар соли 2023 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нақшаи қабули донишҷӯёнашро 96 фоиз иҷро кардааст. Ин нуқтаро Убайдулло Асрорзода ректори донишгоҳи мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба таъкиди ӯ дар соли 2023 бо дарназардошти зиёд шудани нақшаи қабули донишҷӯён, теъдоди омӯзгорон 30 фоиз афзоиш ёфт. Ҳамчунин дар ин давра шумораи ихтисосҳои донишгоҳ ба 80 адад расонида шудааст, ки онҳо ба эҳтиёҷоти воқеии иқтисодиёти миллӣ равона гардидаанд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо беш аз 160 муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Ба таъкиди ректори донишгоҳ танҳо дар соли 2023 донишгоҳ бо 31 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ – таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Бо ҳамин мақсад дар соли 2023 58 сафари кории намояндагони раёсати донишгоҳ ба хориҷи кишвар сурат гирифтааст, ки нисбати соли 2022 ду маротиба зиёд мебошад, – гуфт Убайдулло Асрорзода ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”