Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ ва бардошт аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ аз натиҷаи фаъолияташон дар соли 2023 дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 феврал хабар дод, ки соли 2023 Кумитаи забон ва истилоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура барои нақзи қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, шахсони гунаҳкор ба андозаи беш аз 30,6 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин шуд.
Дар хабари дигар зикр мешавад, ки иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳамаи анборҳо, сардхонаҳо ба миқдори 2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира намуда, фурӯши маҳсулоти захиравӣ аз якуми декабри соли гузашта оғоз гашт.
Инчунин аз нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар дод, ки дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ бунёди 28 348 иншоот ба назар гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 ҳазор иншоот ба истифода супурда шуд, дар наздики 8 ҳазор иншооти дигар кор идома дорад ва дар 10 367 иншоот то ҳол кор оғоз нагардидааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Бо табиат чун хонаи худ муносибат кард” чоп карда, аз масъалаи риояи тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд интиқод кардааст.
Муаллиф менависад, ки мушкили асосӣ дар замина дар шаҳри Хуҷанд ба инобат нагирифтани қоида ва дар ҷойи муайян напартофтани партов аст. Дохили қуттиҳои партов қариб, ки холӣ буда, партов дар гирду атрофи қуттиҳо партофта мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳар рӯз аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз 500 то 600 метри мукааб партов бароварда мешавад ва дар шаҳр зиёда аз 200 нуқтаи партов мавҷуд аст.
Ҳамзамон масъулони корхонаи хизматрасонии санитарии Хуҷанд мегӯяд, ки имконият ва иқтидори тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрро доранд, вале ягона мушкили масъулону партовкашонон дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофтани партов аз ҷониби баъзе сокинон аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи 6 феврал бо нашри матлабе навишт, ки беҳавсалагӣ ва хунукназарии мутасаддиён ҳоли Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонӣ»-и шаҳри Ҳисорро табоҳ кардааст.
Дар ҳоле ки то чанд сол қабл поккорӣ ва кашондани партовҳои хиёбону маҳаллаҳо ва деҳоти шаҳрро Корхонаи мазкур пурра дар ихтиёр дошт, мутаассифона, айни замон ин корхона касод шуда, заминаи моддию техникиаш рӯ ба нестӣ ниҳодааст. Изофа бар ин корхонаи мазкур аз шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор 40 ҳазор сомонӣ ва аз нозироти андози шаҳр 630 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 феврал хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Мавсума Муинӣ муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Дилрабо Мансурӣ муовини пешини раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 29 январ ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид.
Бояд гуфт, ки Мавсума Муинӣ дар соли 2023 аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ба ҷои Галбаҳор Назирӣ, ки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардида буд, вакили парлумон интихоб шуда буд. Номбурда солҳои 2017-2022 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе ва соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон кор кардааст.
Ҳамчунин дар ин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон вакилон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани Фирдавс Толибзода ба вазифаи раиси Бонки миллӣ, Фирӯз Шарифзода ва Сироҷиддин Икромӣ ба симати муовинони раиси Бонки миллиро тасдиқ карданд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 феврал матлабе аз муҳимтарин нукоти нишасти матбуотии Вазоарти маориф ва илм чоп кард. Нашрия аз қавли Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи натиҷаи санҷишҳо 51 гектар замини назди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳо ғасб шудааст.
Саидзода дар идома афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон 6,12 гектар, вилояти Суғд 8,68 ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар 10,2 гектар замини муассисаҳои таълимиро ба ихтиёрашон бозгардонд, ки дар маҷмӯъ, 25 гектарро ташкил медиҳад.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки соли 2023 ба муаллимони ҷавон дар саросари кишвар 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ва 5,2 гектар замин барои бунёди манзил ҷудо шуд.
Дар баробари ин ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон соли 2023-3432 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои кор ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардида, норасоии муаллимон дар мактабҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 7 феврал бо чопи матлабе ин саволро матраҳ кардааст, ки “Театри миллӣ: Сохтмони он кай ба анҷом мерасад?”
Ба навиштаи муаллиф, барои сохтмони Театри миллӣ беш аз 71 миллион доллар ҷудо гардида, ширкати “Сирдарё” сохтмони онро ба зимма гирифтааст. Аммо бо гузашти 2 сол аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам сохтмони Театри миллии Тоҷикистон анҷом наёфт.
Дар идома зикр мешавад, ки соли гузашта дар Рӯзи Театри тоҷик хабаргузории “Ховар” иттилоъ дод, ки Театри миллии Тоҷикистон дар арафаи 35-солагии Истиқлол ба истифода дода мешавад ва он беҳтарин театре дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 8 феврал бо нашри матлабе хабар дод, ки соли гузашта наздики 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Ин рақам назар ба 4 соли пеш қариб се баробар афзудааст.
Муаллиф дар идома менависад, ки дар 5 соли ахир беш аз 30,5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҳаҷи фарзро адо карда, барои он беш аз 1 миллиарду 355 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.
Аз сӯи дигар муаллиф ёдовар мешавад, ки моҳи майи соли гузашта мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили Кумитаи дин Абдуғаффор Юсуфов бо нашри мақолае дар маҷалаи “Дин ва ҷомеа” аз сӯиистифодаи номи “ҳоҷӣ” дар ҷомеа интиқод кард.
Номбурда пешниҳод кард, ки сокинони ба ҷои такроран чандин бор адои ҳаҷи умра хуб мешуд ба корҳои хайру савоб, аз ҷумла бунёди зерсохтҳои обёрӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ даст зананд.
Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” дар шумоари рӯзи 8 феврал хабар дод, ки соли 2023 дар вилояти Хатлон 5352 ҳолати нақзи қонунгузории замин дар майдони 3221 гектар замин ба қайд гирифта шуд.
Дар идома гуфта мешавад, ки дар соли гузашта 77 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ва се қарори раиси ҷамоатҳо вобаста ба замин ошкор шуда, 59 ҳолати қонушиканиҳо дар майдони надики 690 гектар бартараф карда шуд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”