Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2023 тибқи маълумоти оморӣ 8 328, 9 млн. долларо ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1019, 4 млн. доллари амрикоӣ ё 14 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини гардиши савдои хориҷӣ нисбати соли қаблӣ мебошад.
Ин нукта имрӯз двр нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷ.Т. ба рӯзноманигорон аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳод садод дода, инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2023 ба маблағи 2448, 8 млн. доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардида, нисбат ба соли 2022 ба маблағи 14, 3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Агентии содирот бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳавасманд намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти худ, захира банду баст ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, гуфта шуд дар рафти нишасти матбуотии Агентии содирот.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”