Баррасии 826 парванда барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод нишасти матбуотӣ доир зимни нишаст раиси кумита Сулаймон Давлатзода ба кормандони ВАО иттилоъ дод, ки дар соли 2023, комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шахру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 26204 рейд (аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 6918, ВМКБ 299, вилояти Суғд 5483, вилояти Хатлон 5546, шахру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7958) гузаронида шудааст.

Аз ҷониби судҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 826 парванда баррасӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 56 ҳолат зиёд мебошад.

Аз теъдоди умумӣ 8 парванда қатъ карда шуда, вобаста ба 818 ҳолати боқимона қарори дахлдор бароварда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 4 миллиону 689 хазору 502 сомониро ташкил медиҳад. Аз рафти баргузории ин нишаст ҳамкорамон Муҷиддини САЙФИДДИН иттилоъ дод.