Дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақди” Амонатбонк инфрасохтори заруриро дар нозиротҳои андоз ва филалҳою марказҳои хизматрасонии бонки дар тамоми ҷумҳурӣ фароҳам овардааст.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк ” Алиҷон Салимзода итилоъ дода гуфт, ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо,боҷҳои давлати ва намудҳои дигари хизматрасонии давлати,Амонатбонк ба ҳолати имрӯз дар маҷмуъ 1 063 адад постерминалҳоро фаъол намуданд.
Аз ҷониби масъулини ин ниҳод зикр карда шуд, ки дар ташкилотҳои муассисаҳои давлати 2 555 адад ва дар бахши хусусӣ 760 адад постерминалаҳо насиб карда шудааст. Ҳамзамон ҷиҳати хизматрасонии саривақти ба мизоҷон, ба миқдори зиёд аз 558 ҳазор адад кортҳои беноми “Фарогир”интишор гардида, ба филиалҳо дастрас карда шудааст.