Ҷиҳати таъмини ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шаҳри Хоруғ семинар-омӯзишҳо доир гардид

Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳти №586 аз 22 июни соли 2023 дар қаламрави ВМКБ ШМ БМТ дар шаҳри Хоруғ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣдар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии минтақа баргузории семинар-омӯзишҳо дар самти пардохтҳои электронӣ – рақамӣ роҳандозӣ намудааст. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар моҳи январи соли 2024 барои идора ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз он ҷумла Китобхонаи вилоятӣ ба номи А. Рудакӣ, Шуъбаи хадамоти “Муҳофиза” дар ВМКБ, Донишгоҳи Давлати ба номи М. Назаршоев, Хадамоти Тандурустии ВМКБ, Мактаби Президентии ш. Хоруғ, БЧИИМК (МСДСП), Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 дар ш. Хоруғ ва Колеҷи тибби ш.Хоруғ, дар умум бо иштироки 261 нафар иштирокунанда, семинар- омузишҳо гузаронида шуданд.