Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 натиҷаи илмӣ ва 5 пешниҳоди олимони АМИТ пешниҳод шудааст

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он дастовардҳои олимони академия дар соли 2023, нақшаҳои минбаъдаи он ва дигар масъалаҳои марбут ба илм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қобилҷон Хушвахтзода президенти АМИТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд, ки Академия дар оянда нақша дорад, ки ҳарчи зудтар маҷаллаҳои тақризшавандаи худро дар портали SCOPUS ба қайд гирад. Ҳамчунин ният дорем, ки кормандони академияро ё аз ҳисоби грантҳои худ ё аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин намоем, – илова намуд, Қобилҷон Хушвахтзода.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди АМИТ гузоштаанд, ин безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивие мебошанд, ки дар даҳ мавзеи вилояти Суғд мавҷуданд. Вобаста ба ин масъала Абдусаттор Cаидов, ноиби президенти АМИТ иброз намуд, ки тавассути дастгирии як лоиҳаи грантӣ имрӯзҳо мониторинги партовгоҳҳои радиоактивӣ ба роҳ монда шудааст, ки пайваста ташхиси оби нушокии ин минтақаро ба роҳ монда, фазои радиатсионии он таҳти назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотии АМИТ гуфта шуд, ки дар соли 2023 аз тарафи олимони АМИТ 30 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Илова бар ин барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 натиҷаи илмӣ ва 5 пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзур карда шудааст.

Дар баробари ин соли 2023 аз ҷониби муассисаҳои илмии АМИТ 395 муҳаққиқ ва олимону коршиносони хориҷӣ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд ва 447 олимону коршиносони АМИТ бо ин мақсадҳо ба хориҷи кишвар сафарбар карда шуданд.

Сарвинози Сайидвалӣ,

радиои “Тоҷикистон”