Тибқи маълумоти оморӣ ҳиссаи нақлиёт дар ММД (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) 10 миллиарду 986,5 млн. сомонӣ ё ин, ки 115,8 %-ро ташкил дода, саҳми соҳа дар ММД-и ҷумҳурӣ ба 8,4 % расонида шуда, нисбат ба соли 2022, 0,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба рӯзноманигорон иттиллоъ дода, ҳамучунин қайд кард, ки тибқи маълумоти Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 тавассути ҳама намуди нақлиёт 120 млн. 576,1 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 114 млн. 124,1 ҳазор тонна ва роҳи оҳан 6 млн. 451,0 ҳазор тонна бо гардиши умумии 12 млрд 122,1 тонна/км ва 899 млн.305,5 ҳазор мусофир, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 844 млн. 552,7 ҳазор мусофир, барқӣ 21 млн. 371,4 ҳазор мусофир ва роҳи оҳан 456,1 ҳазор мусофир бо гардиши 23 млрд 300 млн. мусофир/км интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли 2022 дар умум боркашонӣ 16.6%, гардиши бор 17,5 мусофирбарӣ 9,8 % ва гардиши мусофирон 17,3 % зиёд гардидааст.