Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар майдони «Дӯстӣ»- дар Маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони парлумонҳо ва сарони ҳайатҳои вакилони давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.
Маросим дар фазои тантанавӣ доир шуда, рамзи эҳтиром ба мероси таърихӣ ва давлатдории халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр дар толори «Аржанг»-и Кохи Наврӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентҳои кишварҳои иштирокдори Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин хотиррасон мешавем, ки имрӯз, 14 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
