Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Пеш аз оғоз бо иштироки муовини сарвазири кишвар, раиси комиссияи озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар, шоирону нависандагон, ходимони илмӣ ва иштирокчиёни озмун ҷаласа баргузор гардид. Гуфта шуд, ки дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 435 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар иштирок менамоянд.

Дар оғози ҷаласа муовини сарвазири кишвар, раиси комиссияи озмун Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, иброз намуд, ки китоб инсониятро ба ҷаҳони бузурги маънавӣ ва камолоти ақлонӣ раҳнамуд месозад. Китоб сарчашмаи дониш ва маърифат буда, барои интихоб ва пурнур сохтани роҳи оянда ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон замина мегузорад. Аз ин хотир озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон имкон медиҳад, ки на танҳо дониш, балки ҷаҳонбинии маънавии хешро низ зиёд намоянд.

Салима Раҷабзода муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» зимни суҳбат ба мо гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” то 1 декабри соли равон идома мекунад ва барои ҷараёни озмун тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки имсол бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулии ғолибони даври ниҳоии озмун ду баробар зиёд карда шуд. Беҳрӯз Маҳмудов хонандаи синфи 5 — и Литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Шаҳринав буда, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти классики тоҷик» иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки барои ин давр таёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки муваффақ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои ба низомномаи озмун воридгардида имсол номинатсияи эҷоди назм ва наср берун карда шуда, иштирокчиён аз рӯи чор наминатсия донишу маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»